Мижгона ва Нилуфар бар ҳарифонашон пирӯз шуда ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд

Ду муштзани тоҷик, ки феълан Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс намояндагӣ мекунанд, бар ҳарифонашон пирӯз шуда ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Феълан дар шаҳри Улан Удэи Русия Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс ҷараён дорад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгар намояндагӣ мекунанд. 

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс: муштзани тоҷик дар рақобати аввал пирӯз шуд

Бар хабари Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон ду муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова ва Нилуфар Бобоёрова ҳарифони худро аз Кот д - Ивуар ва Алҷазоир шикаст дода ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.

Дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс Тоҷикистонро 4 муштзан намояндагӣ мекунанд

Ҳамакнун Миҷгона Самадова дар даври ҳаштякфиналӣ 8 октябр муқобили намояндаи англия Каррис Аргтинсталл ва Нилуфар Бобоёрова дар даври чорякфиналӣ 10 октябр муқобили варзишгари Русия Екатерина Динник вориди майдони набард мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки ду варзишгари тоҷик аз рақибони худ мағлуб шуданд ва аз идомаи иштирок дар мусобиқаи мазкур маҳрум гардиданд.

Ҳиҷоб ва бокс: аввалин духтари ҳиҷобпӯше, ки ба майдони рақобат мебарояд-навор

Дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс беш аз 300 варзишгари 75 давлат ширкат доранд.