Раҳимзода ва Колоколтсев имзо карданд: ВУД Русия ва Тоҷикистон якҷо "кор" мекунанд

Вазирони ду кишвар Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2020 тасдиқ карда, дар доираи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилӣ, қарорҳои дахлдор қабул намудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Маскав бо ширкати вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Раҳимзода ва вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.

Раҳимзода ва Колоколтсев имзо карданд: ВУД Русия ва Тоҷикистон якҷо "кор" мекунанд

Дар ҷаласа, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳои ду кишвар ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилӣ ҳангоми тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳо зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Ҷавоби Колоколтсев ба вокуниш ва барқияи Раҳимзода оиди латукӯби бераҳмонаи ҷавони тоҷик

Дар рафти ҷаласа, Раҳимзода баромад намуда, зикр кардааст, ки ҳамкориҳои мақомотҳои корҳои дохилии  Тоҷикистон ва Русия рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷоя боз ҳам рушду такомул меёбанд.

Ин ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта, пайваста чорабиниҳои муштаракро роҳандозӣ ва амалӣ менамоянд.

Дар ҷараёни ҷаласа оид ба андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Русия, инчунин зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн як қатор таклифҳо пешниҳод шудааст. 

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби вазирони ҳарду кишвар Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 тасдиқ гардида, дар доираи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилӣ, қарорҳои дахлдор қабул карда шудааст.