Иштироки ҳунармандони Хуҷанд дар ҷашнвораи байналмиллали Қазоқистон

Ҳунармандони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ барои иштирок дар Фестивали байналмиллалии Театрҳои касбӣ “Аbish Аlemi” ба Қазоқистон мераванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст,  ҳунармандони театр бо намоишномаи “Табиби паррон” дар Фестивали байналмиллалии Театрҳои касбӣ “Аbish Аlemi”, ки санаҳои 11-14-уми октябри соли равон дар шаҳри Актауи  Қазоқистон баргузор мегардад, ширкат хоҳанд кард.

Аҳмадзода ба театри ба номи Камоли Хуҷандӣ мошини "Мercedes Sprinter" тақдим кард - Акс

Манбаъ зикр намудааст, ки намоишнома аз рӯи асраи Ҷ.Б.Молҳер, бо коркарди нависандаи узбак Ш.Бошбеков ба саҳна гузошта шудааст. Дар ин намоишнома ҳунармандон Диловар Султонов, Ҳакимҷон Ахмедов, Сурайё Хӯҷаева, Мирзоумар Мирзоаҳмадов, Дилшод Сайфиддинов, Фаёз Бойматов, Азиза Худойбердиева ва дар саҳнаҳои умумӣ Фирдавс Ҷӯраев, Ҳикматулло Аҳадов, Орифа Ғафурова, Насиба Каримова нақш меофаранд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки ин дувумин сафари намоишномаи “Табиби паррон”-и Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба хориҷи кишвар мебошад.

Қаблан ҳунармандони театр дар ҷашнвораи байналмилалии "Наврӯз-2019", ки дар шаҳри Қазони Русия баргузор шуда буд,  иштирок намуда буданд. Дар ин сафар намоишномаи  “Табиби паррон”  писанди мухлисон гашта, аз ҷониби мутахиссисон баҳои баланд гирифта буд.