Бо як мушт: размикори UFC рақибашро зебо нокаут кард

Американский боец UFC Йорган Де Кастро после победы над Джастином Тафой из Австралии на UFC 243 в Мельбурне. 6 октября 2019 года
Дар ин муҳориба размикори ғолиб танҳо бо чор мушт дуто дар қисми бадан ва дуи дигар дар сар рақибашро нокаут кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар Мелбурн (Австралия) муҳобираи UFC 243, баргузор шуд. Яке аз муҳорибаҳои зудтарин ва рангинтарини он рақобати миёни варзишкорон — Йорган де Кастрои амрикоӣ ва Ҷастин Тафуи австралиягӣ шуд.

Ин рақобат дар дақиқаи дуюми муҳориба анҷом ёфт. Варзишкори амрикоӣ рақиби худро бо як мушт ба конаут фиристод.

Дар ин муҳориба размикори амрикоӣ де Кастро танҳо бо чор мушт дуто дар бадан ва дуи дигар дар сар Тафуро нокаут кард. Мушти охирин ҳалкунанда шуд.

Бино ба гузориши MMA Fighting ин нокаут миёни варзишкорони вазни зиёд дар таърихи UFC навишта шуд.