ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Шералиев Эмомалӣ Нуралиевич дар вазифаи декани факултаи иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор карда, моҳи сентябри соли 2019 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” 19000 сомонӣ ва 600 доллари ИМА талаб карда гирифтааст.
Ожонс тавзеҳ дод, ки декан ба ивази маблағи мазкур ваъда додааст, ки шаҳрванд “А”-ро ба курси дуюми Донишгоҳи номбурда дохил мекунад. Манбаъ афзуд, ки Шералиев маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсии худ истифода намуд.
“Дар натиҷаи ин кирдори қасдонаи Шералиев Э.Н. ба шаҳрванд “А” зарари махсусан калони модӣ расонида шудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Ожонс таъкид намуд, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбати Шералиев Эмомалӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ, барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Назари худи Эмомалӣ Шералиев феълан дар бораи иттиҳоми эълонкардаи Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод маълум нест.