Ҳукумати Русия ҳиссаи муҳоҷиронро ба иқтисод барои соли 2020 муайян кард

Дар ҳукумати Федератсияи Русия ҳиссаи муҳоҷиронро ба иқтисоди кишвар дар соҳаҳои гуногун барои соли оянда тасдиқ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар Ҳукумати Русия саҳми муҳоҷиронро дар иқтисоди кишвар барои соли 2020 муайян кардаанд, омадааст дар сомонаи ҳукумати ФР.

Медведев барномаи кӯчи муҳоҷирон ба Смоленскийро то соли 2021 тамдид кард

Дар баъзе соҳаҳо фисати муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаҳои гуногуни меҳанат мисли соли 2019 боқӣ мемонад.

Дар соҳаҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ ҳиссаи муҳоҷирон 26 дар садро ташкил медиҳад, варзиш бошад 25 дар сад боқӣ мемонад, ҳамчунин 50 дар сади кормандони соҳаи саноати хоҷагии қишлоқро дар Русия муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

Дар соҳаи сохтумон то 80 дар сади кормандонро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин кардан иҷоза аст. Ин меъёр дар маҳалҳои Бурятия, вилояти Амур ва Москва паҳн намегардад, ҳамчунин дар ҳудуди Доғистон 50 дар садро ташкил мекунад.

“Қарорҳои қабулшуда барои назорат аз болои ҷалби муҳоҷирон ба намудҳои гуногуни фаъолият меҳнатӣ бо дар назардошти хусусиятҳои минтақавии бозори меҳнат ва зарурати сараввал ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Русия пешбинӣ шудаанд”, - омадааст дар санад.