ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар шаҳри Стокголм гирандагони ҷоизаи Нобел дар риштаи тиб барои соли 2019 эълон гардиданд.
Ғолибонро рӯзи душанбе Кумитаи Нобели назди Институти тибби Каролин эълон кард.
Мувофиқи қарори комисия ҷоизаи Нобелро дар соҳаи тиб Уилям Келину, Петер Ратклифф ва Грегг Сементсе соҳиб шуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ба ин олимон ҷоиза барои кашофии нишондиҳии реаксияи клеткаҳои зинда ҳангоми мавҷудияти оксиген дода мешавад.
Чорабинии супурдани ҷоизаҳои Нобел чун анъана дар рӯзи 10 декабр муайян шудааст , яъне дар рӯзи марги таъсисдиҳандаи ин туҳфаи қиматбаҳо, соҳибкори шведсиягӣ ихтироъкор Алфред Нобел.
Ҷоизаи Нобелӣ яке аз ҷоизаҳои қиматбаҳои байналмилдалӣ дар дунё шинохта шудааст. Ин ҷоиза ҳарсол ба олимони соҳаҳои гуногун барои ихтироъкориҳо ва навовариҳои намоён дода мешавад.
Дар васиятномаи Нобел ҷудо намудани ҷоиза барои ихтироот дар соҳаҳои физика, химия, физиология ва ё тиб, адабиёт пешбинӣ шуда буд. Ҳамчунин ин ҷоиза барои пойбарҷо гузоштани сулҳ дар рӯи замин дода мешавад.