Бефарҳангӣ: раисиҷумҳур дар бораи онҳое, ки забонҳои хориҷиро медонанду модариро не

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи афроде, ки забонҳои хориҷиро медонанду ба забони модарияшон майл надоранд, изҳори назар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ гуфт, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст.

Қарори нави Раҳмон: 10 сол барои англисию русидон шудани тоҷикистониён

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд.

“Бисёр муҳим аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи қонуну қоида ва меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ сурат гирад, яъне аввал забони модарии худро ба дараҷаи олӣ бояд донист ва сипас дар қиёс бо дастурҳои он ба фарогирии забонҳои хориҷӣ иқдом намуд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзуд, дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст.

Нигаронии Президент аз дағалгӯиҳо дар нақлиёту боғҳо

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон аз коста шудани фарҳанги муоширати бархе аз ҷавонон изҳори нигаронӣ кард, ки “дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғу гулгаштҳо, нақлиёти мусофиркаш ва қасру толорҳои фарҳангӣ алфози қабеҳу дағал ба гӯш мерасад”.

Раҳмон ин амали нораво аз доираи фарҳанг ва расму ойин берун хонда, хостори бештар кардани корҳои тарбиявию маърифатӣ шуд.

Зодрӯзи Президент: суҳбати ғайрипротоколии Раҳмон ва тасвири Озода Раҳмон-видео

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои устувор намудани пояҳои забони давлатӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.