Мубориза мебарам: Дилшод Назаров аз нақшаҳои минбаъдааш гуфт

Қаҳрамони олимпии соли 2016, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров, ки дар робита ба истифодаи допинг муттаҳам шуд ва аз идомаи минбаъдаи мусобиқаҳо маҳрум гардид, дар бораи нақшаҳои минбаъдаи худ гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Қаҳрамони тоҷик Дилшод Назаров дар сафҳаи Instagram бобати маҳрумияти худ аз идомаи мусобиқаҳо ибрози назар кард.

Нарзуллоҳи Латиф: Дилшод Назаров метавонад аз бозиҳои олимпӣ дар соли 2020 маҳрум шавад

"Иттиҳоме, ки алайҳи ман эълон намуданд, дар баробари ман аҳли оилаи маро ва мухлисону ҳамватанонамро дар ҳолати шок андохт. Дар асл ман қурбонии қаллобӣ шудам", - навиштааст варзишгари тоҷик.

Назаров зимнан илова намудаст, ки дар баробари қаҳрамон будан, ҳамчунин тарбиятгари се фарзанд ва Президенти Федератсияи сабуки Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ ба ҳеҷ ваҷҳ аз чунин роҳи ифлос соҳиб шудан ба  унвони Қаҳрамони ҷаҳон  истифода намекард.

"Ман  на танҳо худамро, балки пеш аз ҳама ватанамро муаррифӣ мекунам ва пайваста ҷонибдори бозии шаффоф будам, ҳастам ва хоҳам монд", - илова намудаст Назаров.

Дилшод Назаров аз Қатар ба Душанбе баргашт

Гузашта аз ин, Назаров мегӯяд, танҳо фикр дар бораи истифодаи допинг ӯро сахт таҳқир мекунад.

"Варзиш бояд ҳамеша шаффоф бошад ва қаҳрамони олимпӣ муаррифгари бозии соф ва ҳамчун намуна барои дигарон бояд бошад", - мегӯяд ӯ .

Дилшод Назаров иттилоъ дод, ки ҳоло бо AIU ва IAAF ҳамкорӣ дорад ва парвандаи допинг дар Федератсияи варзиши Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Зимнан илова кард, ки вай омода аст худро дар назди IAAF ва CAS дифоъ кунад, агар парванда дар он ҷо баррасӣ шавад.

Дилшод Назаров: ба ман як каме фурсат диҳед, то ба худ биёям

"Ман аз зиндагӣ шикоят намекунам, зеро зиндагӣ ҳамин аст, гоҳе паст гоҳе баланд. Аммо муборизаро то охир мерасонам", - таъкид мекунад Қаҳрамони ҷаҳон.