ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бозии навбати мунтахаби 19 - солаҳои Тоҷикистон боз бо пирӯзӣ бар ҳариф анҷом ёфт, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Шоми дирӯз футболбозони тоҷик дар доираи бозиҳои марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии Осиё байни ҷавонони то 19 сола дар гурӯҳи "С" бо тими Ливан вориди майдони рақобат шуданд. Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар дақиқаи 46 - уми бозӣ тавонистан ба дарвозаи ҳариф гол занад.
Тоҷикистон ба пеш: мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ имрӯз бо тими Молдив рақобат мекунанд
Голро Шаҳром Самиев ба дарвозаи тими Ливан ворид намуд ва акнун дар ҳисоби ӯ 4 гол буда, беҳтарин нишонзани марҳилаи муқаддамотӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ин пирӯзи футболбозони тоҷик ҳоло дар гурӯҳ бо касби 6 имтиёз садрнишинанд. Акнун рақиби асосии мунтахаби Тоҷикистон дастаи ҷавонони Сурия ба ҳисоб рафта, дар ҳисоби мунтахаби мазкури арабӣ ҳоло 4 имтиёз аст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Қазоқистон сазовори ҷои дуюм шуд
Ба қаҳрамонии Осиё байни ҷавонони 19 сола, ки соли оянда дар Узбакистон сурат мегирад ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 тим бо нишондоди беҳтарини дуюм роҳ пайдо мекунанд.