Ба айби ронандаи тоҷик автобуси ҳомили хонандагон чаппа шуд

Дар Қазоқистон ба айби ронандаи тоҷик, автобуси мусофирбари ҳомили 18 нафар хонанда чаппа шудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар Қазоқистон автобуси ҳомили хонандагон ба садама дучор шудаст, хабар медиҳад сомонаи NUR.KZ. Бар хабари манбаъ, ҳодиса дар 13 км дуртар аз шаҳри Актоб рух додааст.

Ҷузъиёти бархӯрди қатора ба автобус бо 67 мусофир дар Қазоқистон - видео

Тибқи маълумоти пешакӣ, садама ба айби як ронандаи нақлиёти сабукрав, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст, сар задаст. Номбурда коидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намуда бо автобуси мусофирбар бархӯрдаст.

Садамаи маргбор дар Рязан ҷони 7 нафарро рабуд ва 20 тани дигарро захмӣ барҷой гузошт

Дар натиҷаи бархӯрдан бо худрав автобус чаппа шуд.

Гуфта мешавад, автобуси мазкур бо 18 хонанда ва 9 одами калонсолтар, бе иҷозаи муаллимон ва мудири макотиб ба сайру гашт баромаданд.

Шоҳидони ҳодиса навори ба садама дучор шудани автобусро сабт намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд.

Манбаъ меафзояд, пас аз ҳодисаи  мазкур ду хонандаро фавран ба бемористон интиқол доданд ва ҳамзамон 16 толибилм ва 3 тан калонсолон ба наздиктарин бунгоҳи тиббӣ бурда шуданд.