Дар Тошканд мард ҳамсари худро мисли саг занҷирбанд мекард - навор

Волидони зане, ки аз ҷониби шавҳараш ҳамарӯза занҷирбанд мешуд, барои таъмини амнияти ӯ духтарашонро аз хонаи шавҳараш ба хонаи худ оварданд. Мақомоти амниятӣ аллакай ба тафтиши ин ҳодиса шурӯъ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Тошканд мард завҷаи худро ҳар рӯз занҷирбанд мекард, хабар медиҳад сомонаи UPL.

Сӯиқасд ба ҷони ҳамсар дар боғи нави шаҳри Кӯлоб: сабаб рашк

Бар хабари манбаъ, номбурда ҳамсари худро қабл аз ба кор рафтан бо занҷир мебаст ва танҳо пас аз кор ба хона баргаштан, халос мекард.

"Волидони ӯ ба мақомоти амниятӣ аз болои домодашон шикоят бурда, изҳор намуданд, ки духтари онҳоро ҳамсари ӯ ҳамарӯза мисли саг занҷирбанд мекунад", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Маълум аст, ки зану шавҳар соҳиби ду фарзанд ҳастанд. Навори мазкур, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, аз ҷониби волидони ин зан сабт ва паҳн гардид.

Гуфта мешавад, феълан кормандони пулис тафтиши навор ва ҳодисаи мазкуро шурӯъ намудаанд.