Зодрӯзи Президент: суҳбати ғайрипротоколии Раҳмон ва тасвири Озода Раҳмон-видео

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ба иттилои котиботаш одатан зодрӯзро дар ҷои кор мегузаронад, 5 октябр 67-солагияшро таҷлил мекунад. Дар Тоҷикистон таҷлили зодрӯз танҳо дар доираи оила иҷозат дода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар зодрӯзаш аз ҳамтоёни хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва аъзои Ҳукумат паёму шодбошиҳоро қабул мекунад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар 66-умин солгарди мавлудаш - 5 октябри соли 2018 дар Ҷопон қарор дошт ва дар ҳошияи мулоқотҳою паёмҳои шодбошӣ ба муносибати мавлудаш, изҳор дошта буд, ки муҳим на зодрӯз, балки мулоқотҳоеянд, ки анҷом медиҳад.

Путин занг мезанад: тӯҳфаи махсус

Дар феҳрасти роҳбарони давлатҳои хориҷӣ, ки мунтазам Раҳмонро бо зодрӯз табрик мекунанду занг мезананд, ҳамто ва ҳамсоли русиягияш Владимир Путин мебошад, ки ҳар дуяшон моҳи октябри соли 1952 таваллуд шудаанд. Раисиҷумҳури Русия дар зодрӯзи гузашта зимни тамоси телефонӣ Эмомалӣ Раҳмонро аз сиёсатмадорони шинохта дар хориҷ аз кишвар гуфта, саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва муваффақият таманно карда буд. Яке аз туҳфаҳои Путин, ки ба муносибати 60-солагӣ ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим карду дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд, силоҳи “снайпер”-и муосири махсус буд.

Танҳо дар доираи оила: Озода Раҳмон фазои зодрӯзи падарро гуфт

Моддаи 8-и қонуни Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, таҷлили зодрӯзро танҳо дар доираи оила иҷозат дода, барои нақзи ин қонун ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 100 то 120 ва мансабдорон аз 250 то 270  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таҳдид мекунад.

Синнам ба як ҷой расид: насиҳати Эмомалӣ Раҳмон ба набераҳояш - видео

Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва духтари Эмомалӣ Раҳмон, зимни тасвири ҷашни мавлуди падараш изҳор дошта буд, ки ин рӯз фарзандонро сари як дастархон ҷамъ меораду барои аҳли фарзандону наберагон ва пайвандон, як рӯзи пур аз шодмонию саодат мебошад.

Озода Раҳмон дар ҷашни 65-солагии Эмомалӣ Раҳмон аз номи аҳли оила сарвари хонадонро шодбош гуфта, таъкид намуда буд, ки “мо ҳама фарзандону наберагон қавл медиҳем, ки мисли Шумо падари азизам, даст болои дил, барои Ватану сарзамин ва халқи азизи Тоҷикистон содиқона ва бо виҷдони пок хизмат мекунем”.

Суҳбати ғайрипротоколии Эмомалӣ Раҳмон: фоҷиа баъди ҷашн

Худи Эмомалӣ Раҳмон, бар асоси суҳбатҳои берун аз протоколие, ки дар расонаҳо нашр шуданд,  ҷашни зодрӯзашро баъди соли 2017-ум чандон хуш надорад. Андрей Мамикин, вакили парлумони Аврупо дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як ҳайати аврупоӣ изҳор дошт, ки баъди мулоқоти расмӣ, Раҳмон бо вакилони аврупоӣ суҳбати самимие дошт.

Президент дар бораи бародараш: хоксору сахӣ буд, боре аз ман мансаб нахостааст-видео

“Дар пешам Раҳмон ба ҳайси як инсон зуҳур кард, ки аз хотироташ мегуфт. Баногоҳ нақл кард, ки чаро зодрӯзашро хуш надорад. Баъди таҷлили зодрӯзаш, бо гузашти чанд соат аз лаҳзаи хайрухуш бародари президент даргузаштааст, ки барояш бештар аз як бародар будааст. Ин хеле такондиҳанда буд”, - нақл кард Мамикин дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба иттилои  Эмомалӣ Раҳмон, ӯ бо бародараш Нуриддин Раҳмон хеле наздик буд ва ёд надорад, ки боре бо ҳам гапи баланд гуфта бошанд.

Аз устои барқ то Пешвои миллат: зинаҳои кории Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон дар оилаи деҳқон, Шариф Раҳмон таваллуд шудааст.

Деҳқон буданд: Президент аз падараш гуфту котибот аксашро нишон дод – аксу видео

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод - ҳоло Сарбанд, ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа - ҳоло Бохтар, шурӯъ намудааст.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.

Видеои суханронии пурэҳсоси Президент: сухане, ки модар гуфт на занат мегӯяд...

Рӯзи 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ӯ 6 ноябри соли 1999 дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Тоҷикистон интихоб гардида, 6 ноябри соли 2006 бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол роҳбари Тоҷикистон шуд. Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 2013 бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Тоҷикистон пирӯз гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2016 дорои унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад ва аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадияш дар интихобот бархӯрдор аст.  Раисиҷумҳури Тоҷикистон оиладор ва падари нӯҳ фарзанд мебошад.