Шартҳои нави Русия барои содироти нафт ба Тоҷикистон

Моҳи октябри соли равон Думаи давлатии Русия тағйирот ба Созишномаи содироти нафт аз Русия ба Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо қоидаҳои нав сурат мегирад, иттилоъ додааст "Парламентская газета".

Русия Тоҷикистонро бо маҳсулоти нафтӣ таъмин менамояд

Лоиҳаи қонун дар бораи тасвиби Протокол миёни ҳукумати Русия ва Тоҷикистон дар самти ҳамкорӣ дар бахши содироти маҳсулоти нафтӣ аз тарафи Думаи давлатии Русия моҳи октябри соли равон баррасӣ хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки созишнома дар бораи содироти бо имтиёзи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон моҳи феврали соли 2013 ба имзо расида буд. Тағйиру иловаҳо ба шартномаи мазкур моҳи 17 апрели соли 2019 ворид карда шуда буд.

Тибқи санади мазкур ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтие, ки тариқи имтиёз ба Тоҷикистон содир мешавад муайян мегардад.

Русия солона то як миллион тонна маҳсулоти нафтиро бе гирифтани боҷи гумрукӣ дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад.

Дар ин созишнома гуфта шудааст, ки Тоҷикистон ҳақ надорад, ин миқдор маҳсулоти нафтии бе боҷи гумрукиро ба кишвари севум, аз ҷумла Афғонистон, интиқол диҳад. Вагарна Маскав иҷрои ин созишномаро якҷониба қатъ хоҳад кард.

Тағйиру иловаҳои навбатӣ дар санади мазкур муҳлат ва пешниҳоди бозхонди мувақатти ё пурраи санади гумрукиро муайян менамояд. Инчунин, санади мазкур пардохти ниҳоиро дар сурати анҷом ёфтани муҳлате, ки дар протокло зикр шудааст, нишон медиҳад.