"Мисс Москва" аз подшоҳи Малайзия 700 миллион рубл ҷуброн талаб дорад

"Мисс Москва" Оксана Воеводина аз ҳамсари пешини худ - шоҳи Малайзия як хона дар Маскав якеи дигар дар Лондон ва 700 миллион рубли русӣ барои буду боши худаш ва писараш Леон талаб дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. "Мисс Москва-2015" Оксана Воеводина пас аз ҷудошавӣ аз подшоҳи пешини Малайзии, султон Келантан Муҳаммади V, беш аз ҳафтсад миллион рубли русӣ талаб дорад, хабар медиҳад, Daily Mail.

Маълум шудааст, ки Воеводина аз ҳамсари пешинаш як манзил дар шаҳри Маскав ба қиммати 96 миллион рубли русӣ, якеи дигар дар Лондон бо нархи 640 миллион рублей ва беш аз 1,9 миллион рубл - пардохти ҳармоҳа барои писарашон Леон, талаб кардааст.

Бино бар хабари наздикони подшоҳи Малайзия ин талаботро шунида, ҳамсари пешинаш ба ғазаб омада гуфтааст: "Ӯ маро хаёли Билл Гейтс" кардааст?".

Нахустин шарҳи "Мисс Москва" пас аз ҷудошавӣ аз шоҳи пешини Малайзия

Муҳаммади V ангушти ҳайрат газидааст, ки агар писарашон ҳоло чунин хурд бошад, ин қадар маблағ барои чӣ сарф мешуда бошад.

Пештар хабар дода шуд, ки "Мисс Москва-2015" Оксана Воеводинаро ҳамсараш подшоҳи пешини Малайзии, султон Келантан Муҳаммади V, талоқ додааст.

Собиқ подшоҳи Малайзия - Муҳаммади V 22 ноябри соли 2018 бо мудели русиягӣ Оксана Воеводина хонадор шуд. Ҳаёти якҷояи ин ду шахси машҳур камтар аз ду сол идома кард.

"Се талоқ" : Мисс Москва дар бораи ҷудошавӣ аз шоҳи Малайзия гуфт

Ба гуфти Оксана оилаи онҳо замоне вайрон шудааст, и ӯ ҳомиладор будааст. Дар бораи дуҷошавӣ Оксана аз интернет фаҳмидааст.

Ба нақли Мисс Москва - шоҳи Малайзия моҳи декабри соли гузашта аз хона баромада рафта дигар ба наздаш боз нагаштааст. То ҳол Оксана мегӯяд сабаби ҷудошавиро намедонад.

"Мо таваллуд шудани фарзанди нахустинамонро интизор будем. То ҳол сабаби аслии ин амалро намедонам", - изҳор доштааст Воеводина.

Дар баробари ин Оксана гуфтааст, ки ҳамсараш ӯро се талоқ додааст.