Ҳамкории Қазоқистон бо Тоҷикистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Олжас Абишев, муовини вазири тандурустии Қазоқистон дидору гуфтугӯ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва муовини вазири тандурустии Қазоқистон Олжас Абишев зимни дидору аз  ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифи тандурустӣ ибрози назар карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ҷаласаи 37-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” дар Қазоқистон

Тавре манбаъ хабар додааст, Насим Олимзода, роҷеъ ба ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ибрози назар намуд.

Дар ҳамин ҳол, Олжас Абишев, муовини вазири тандурустии Қазоқистон  ҳавасмандии хешро барои ҳамкорӣ дар рақамикунонии соҳаи  тандурустӣ бо Тоҷикистон  иброз  намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ тарафҳо инчунин барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар самти рақамикунонии соҳаи мазкур, ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  3 октябр дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ баргузор мегардад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода баргузор мешавад.

Меҳмони расмӣ дар ин чорабинӣ  муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Олжас Абишев хоҳад буд.