Медведев барномаи кӯчи муҳоҷирон ба Смоленскийро то соли 2021 тамдид кард

Вилояти Смоленск барои татбиқи барномаи кӯчи ҳамватанони бурунмарзӣ, имтиёзҳо ба даст овардаст. Барои татбиқи ин барномаи ҳукумат ба вилояти мазкур 3 миллион рубли русӣ ихтисос додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik.  Ахиран Дмитрий Медведев сарвазири Русия барномаи кӯчонидани ҳамватанонро ба вилояти мазкур то соли 2021 тамдид намуд, хабар медиҳад сомонаи маҳаллии Первый Смоленский.

Беш аз 44 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон хостори кӯч бастан ба Русия шуданд

Бар хабари манбаъ, ба вилояти Смоленск аз ҳисоби буҷаи давлат, ба хотири қабули намудани кӯчбастагон аз кишварҳои дуру наздик, 3 миллион рубли русӣ ихтисос дода шудааст.

1700 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия мекӯчанд

Гуфта мешавад, маблағи ҷудошуда барои фароҳам овардани шароит ба ҳамватанони кӯчбаста ва ҳамзамон баланд бардоштани иқтидории меҳнатӣ равона мешавад.

Мақомоти вилояти Смоленск тасмим гирифтаанд, давоми се соли оянда беш аз 1000 нафар ҳамватанонро қабул намоянд.

Барномаи кӯчонидани ҳамватанон ё талоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандӣ

Зимнан, маврид ба зикр аст, ки сар аз соли 2013 ба вилояти Смоленск беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистону Озарбойҷон ва Арманистону Молдова тариқи барномаи кӯчонидани ҳамватанон кӯч бастаанд.