Вакил дар даст сигору тамоку дар парлумон сухан гуфт - видео

Вакилони парлумони Қирғизистон бар зидди истифодаи машруботи спиртӣ ва сигору тамоку баромад карданд
Sputnik

Дар Жогорку Кенеш, зимни баррасии "Масъалаҳои гуногун" вакил Айнур Алтибоева бо худ қуттиҳои сигор ва тамоку овард.

Даҳшат: ситораҳои эстрадаю синамо чӣ гуна мебуданд, агар нашъаманд мешуданд - видео

"Дар дасти ман қуттиҳои бисёр зебо ҳастанд. Дар дохилашон чист? Ин тамоку аст, ки аз Панҷоби Ҳиндустон оварда шудааст. Дар қуттиҳои зебо ҷой дода шудааст ва дар ҳама гуна мағозаҳою марказҳои савдо фурӯхта мешавад. Вале, мо ҳатто намедонем, ки ин тамоку аз чӣ истеҳсол карда шудааст. Кӣ медонад, шояд дар дохилаш маводи мухаддир бошад", - гуфт вакил.

Ӯ илова кард, ки ҳар сол дар паи бемории шуш 6 ҳазор қирғизистонӣ вафот мекунад. Ба гуфти вакил, нарасон аз 14-солагӣ ба маконҳои дилхушӣ рафта ба кашидани калян машғул мешаванд.

Дар охири баромад, вакили парлумони Қирғизистон ҳамкоронашро барои сангинтар кардани ҷазо бари истифодаи маводи машрубот ва сигору тамоку даъват кард. Бино ба гуфти ӯ 45 дарсади қирғизистониҳо сигор мекашанд ва мумкин аст, ин рақам бештар бошад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки аз инҳо 78 фоизро мардон, 10 фоизро занон ва 12 фоизи дигарро наврасон ташкил медиҳанд.