Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аз истифодаи технологияҳои муосири мобилӣ изҳори хушнудӣ карданд

Ахиран масъулини Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз татбиқи технологияҳои муосир ва рушди бонкдории мобилӣ дар Тоҷикистон таъкид карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар мулоқот бо Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи баланди истифодаи технологияҳои муосири мобилӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карданд.

Бонки ҷаҳонӣ: афзоиши молиёт монеи рушди фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон шудааст

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии аҳолӣ, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути низомҳои пардохтии электронӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва рушди бонкдории мобилӣ, зиёд гардидани миқдори суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ ва дар умум, фарогирии молиявии аҳолии кишвар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, аз сатҳи баланди истифодаи технологияҳои муосири мобилӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карданд.

Онҳо таъкид намуд, ки татбиқи технологияи рақамӣ барои рушди низоми бонкӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии молиявии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар охир тарафҳо аз ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо низ минбаъд идома дода мешаванд.