Футболбозони навраси тоҷик нахуст бозии худро дар гурӯҳи "С" бо пирӯзӣ оғоз намуданд.
Бозии мунтахаби Тоҷикистону Молдив бегоҳи рӯзи 2 октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат хоҳад кард.
Бозӣ аз аввал то анҷом пурра дар дасти футболбозони тоҷик буд, ки аз фурсати муносиб истифода карда, 9 голи беҷавобро таслими дарвозаи рақиб намуданд. Ҳамин тавр яккачини то 19 солаи кишвар бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 байни футболбозони то 19 соларо бо ҳисоби ҳангуфт оғоз намуданд.
Футболбозони кишвар рӯзи 4-уми октябр бар муқобили дастаи Лубнон рақобат мекунанд.