ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят бе боришоти назаррас (0-0,5мм) пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал омада, шабона дар баландиҳои зиёда 3000 барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8метр дар як сония мевазад.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барф) борида, раъду барқ ба амал меояд.
Обу ҳаво: дар Суғду ВМКБ борон, дар Душанбеву Хатлон гармии тоқатфарсо
Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.