Эрон ҷосуси Амрикоро ба қатл маҳкум кард

Дар пасманзари муносибатҳои сарди Теҳрону Вашингтон, додгоҳи ин кишвар як нафар ҷосуси Амрикоро ба ҳукми эъдом маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik.  Додгоҳи Эрон ҳукми эъдом шудани як ҷосуси амрикоиро эълом намудааст, хабар медиҳад агентии ИрТаГ бо такя ба маълумоти "голос Америки".

Руҳонӣ: бо Амрико ки бо силоҳи фақру таҳрим гуфтугӯ мекунад музокира нахоҳем кард

Манбаъ аз қавли намояндаи додгоҳ, Ғуломҳусайн Исмоилӣ хабар медиҳад, ки феълан маҳкумшуда барои бекор кардани ин қарори додгоҳ ба суди апелятсионӣ муроҷиат намудааст ва акнун қарори ниҳоиро маҳз додгоҳи апелятсионӣ мебарорад.

Боздошти масъули “ДОИШ” бо либоси занона, ки дигаронро ба эъдом ҳукм мекард

Зимнан гуфта мешавад, ки додгоҳ ду нафари дигарро низ айнан ба ҳамин айб, яъне ҷосусӣ намудан ба манфиати Амрико, ба мӯҳлати 10 солӣ аз озодӣ маҳрум намудаст.

Феълан Эрон ҳуввияти нафаре, ки ба ҳукми қатл маҳкум шуд, ифшо намекунад, аммо шахсияти ду маҳкумшудаи дигар дар ҷосусӣ, ки 10 соли ҳабс гирифтанд, ошкор намуд.

Ваҳшониятҳои ДОИШ: 3500 ҷасад дар як чуқурӣ

Инҳо шаҳрвандони Эрон, Алӣ Нафрих ва Муҳаммад Алӣ Бабапур мебошанд, ки тибқи қарори додгоҳ бояд 55 ҳазор долларе, ки барои ҷосусӣ аз Амрико гирифта буданд, ба ҳукумати кишвар пардохт кунанд.