Иҷрои нақшаи даъвати наваскарон тайи ним рӯз дар навоҳии ВМКБ

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гузориш дод, ки то нимаи рӯзи аввали мавсими даъвати тирамоҳии наваскарон се ноҳияи вилоят нақшаро иҷро карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, то нисфирӯзи 1 октябр навоҳии Дарвоз, Мурғоб ва Шуғнон иҷрои нақшаи даъвати наваскаронро таъмин карданд.

Инчунин ахиран Иқбол Илёсзода, сухангӯи шаҳрдории Исфара хабар дод, ки бори авввал, дар таърихи 28 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳри Исфара, дар рӯзи аввали сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ меъёр ё худ нақшаи муқарраргаштаи даъватӣ таъмин гардид ва беш аз 260 нафар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд.

“Ҳарчанд 1001 зангҳои телефонӣ ва зиёда аз ин миёнаравҳо – “хоҳиши хоссаи тағоҳо” буданд, ки зораву илтимосу хоҳишҳояшон аз ҷониби шаҳрдори Исфара қатъи назар карда шуд ва беэътибор монданд”, - навиштааст Илёсзода дар саҳифаи фейсбукияш.

Ин дар ҳолест, ки ахиран расонаҳо дар Тоҷикистон аз қонуншиканӣ зимни ҷалби наваскарон дар мавсими нав гузориш доданд. Аз ҷумла бархе аз ҷавонони шаҳри Исфара гуфтаанд, ба волидон фишор овардаанд, то фарзандонашонро аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргардонанду ба хидмати ҳарбӣ равон кунанд.

Мақомот нақзи қонунро рад карда, таъкид мекунанд, ки танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ барои зарурати анҷоми хидмати ҳарбиро амалӣ мекунанд.