Шавкат Мирзиёев: дар Узбакистон пӯшидани рӯймол ҳеҷ гоҳ мамнӯъ намешавад

Раисҷумҳури Узбакистон дар маросими супоридани мукофотҳо ба варзишгарони риштаи бокс изҳор намудаст, ки ҳеҷ гоҳ мухолифи бастани рӯймоли занону духтарон намешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Шавкат Мирзиёев аснои суханронӣ намудан дар маросими қадрдонӣ аз варзишгарони узбак гуфт, ки дар Узбакистон ба ҳеҷ ваҷҳ, ба сар кардани рӯймол мамнӯъ нахоҳад шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Юлдуз Усмонова ва Шавкат Мирзиёев: ифтитоҳи Ҷашнвораи бузург дар Самарқанд - Видео

Бар хабари манбаъ, раисҷумҳур пас аз баромади модари яке аз варзишгарон, таъкид намудаст, ки рӯймол зебдиҳандаи занони узбак ва инъикоскунандаи бузургӣ ва хоксории онҳо аст ва аз ин рӯ пӯшидани он дар Узбакистон асло манъ намешавад,

Бояд қайд намуд, ки дирӯз дар бостонсарои Кӯксарой маросими бошукӯҳе бахшида ба дастовардҳои муштзанони узбак дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардида буд, бо иштироки роҳбари давлат ва варзишгарону мураббиён доир гардид.

Манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон ғайриқонунист ё бояд аз фарҳанги бегона даст кашид?

Дар ҷараёни маросими мазкур, модари яке аз варзишгарон ба раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев барои ҷаҳду талош ва дастгириҳои варзишгарон изҳори миннатдорӣ намуд.

Зимнан, Шавкат Мирзиёев барои суханони бомеҳри ин модари узбак арзи сипос намуда, либоси миллӣ ва рӯймоли ба сар намудаи ӯро васф кард.

"Бигзор ҳама донанд, ки зеби модарону духтарони узбак, маҳз либоси миллӣ ва руймол аст. Ҳеҷ кас ва дар ҳеҷ давру замон  садди роҳи  пӯшидани либоси миллӣ ва рӯймоли Шуморо нахоҳад шуд", изҳор намудаст Шавкат Мирзиёев.

Ҳамзамон роҳбари давлат қайд намудаст, ки ӯ ҷонибдори ба сар кардани рӯймол аст, вале ҳиҷобро қабул надорад.

Ҳиҷоби омӯзгорон боиси ронда шудани онҳо аз дабистон шуд

Қаблан дар Узбакистон ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев зимни як ҷаласа изҳор намудааст, ки алдайҳи рӯймолпӯшии занон мубориза мебарад. Ва ин изҳороти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси нигарониҳои зиёди шаҳрвандони Узбакистон шуд.

Зимнан, ин ҳокими Фарғонаро ба Палатаи болоии парлумон даъват намуда барои  ислоҳи вазъ ба ӯ се моҳи мӯҳлати санҷишӣ дода буданд.