ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон, маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид, хабар медиҳад агентии Ховар.
Бар хабари манбаъ, имсол ҷавонони солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд. Дар маъракаи гусели наваскарон, муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон Асрор Латифзода, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода, раисони чор ноҳияи шаҳри Душанбе- Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, падарону модарони даъватшудагон иштирок доштанд.
Гусели аввалин гурӯҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо иштироки Аҳмадзода дар Суғд
Зимнан, аз ҷониби муовини Вазири мудофиа Асрор Латифзода ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода ба даъватшудагон, ки аз чор ноҳияи шаҳр иштирок доштанд, ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим гардид.
Таҳдиди худкушии Шарифбек дар гарнизони Душанбе: ӯ гуфт, маҳбас мераваму хизмати ҳарбӣ не
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо судури фармон дар бораи даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ ба Вазорати мудофиа, фарҳангу тандурустӣ ва ҳамзамон ба раисони вилояту ноҳияҳо баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи даъват дастуру супоришҳои қатъӣ дода буд.