ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Рӯзи 29 сентябри соли 2019 дар шаҳри Женеваи Швейтсария Шоҳзода Ҳусайн, писари дуюми пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оқохони IV бо хонум Элизабет Хог хонадор шуд.
Маросими арӯсии Шоҳзода дар доираи хешу пайвандон тибқи расму русуми мусалмонӣ сурат гирифтааст, менависад The.ismaili.
"Ин барои мо воқеаи хеле хушоянд аст ва ман шодиёна Элизабетро ба хонаводаи худ истиқбол мекунам" - гуфтааст Аълоҳазрат Оқохони IV .
Шоҳзода Ҳусайн пас аз хатми Мактаби муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Колумбия (SIPA), бо Бунёди Оқохони IV оид ба рушд (AKDN) кор карда, бештар ба масъалаҳои фарҳангӣ ва экологӣ, инчунин дар бахшҳои паст кардани хатари офатҳои табиӣ ва идоракунии ҳолатҳои фавқулодда, фаъолият кардааст.
Салавот бар Муҳаммад ва оли ӯ: истиқболи исмоилиён ва суханронии Оқохони IV -видеоҳо
Ӯ ҳамчунин муассиси созмони Focused On Nature мебошад. Ин созмон ҷонваронеро, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, ҳифз мекунад.
Элизабет Хог, ки пас аз қабули дини Ислом номи Фаринро гирифтааст, дараҷаи магистр дошта дар бахши равоншиносӣ фаъолият кардааст.
Табақу гӯшаи Ислом ва туҳфаҳои Президент: боздидҳои Алӣ Муҳаммад Оқохон дар Душанбе-акс
Ӯ дар шаҳри Ню Йорк - и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваллуд шудааст.
Шоҳзода Ҳусайн ва Элизабет Хог моҳи декабри соли гузашта, никоҳ карда буданд.
Шоҳзода Ҳусайн ва хонум Фарин 29 сентябри соли 2019 дар Женеваи Швейтсария издивоҷ карданд.