ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Рӯзи 27 сентябри 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-юми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ Муҳриддин қайд намудааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими нақши СҲИ дар ҳалли масъалаҳои олами ислом ва таҳкими ҳамкориҳо дар ҳалли мушкилиҳои имрӯза мебошад.
Мансаби нав: сафири ҶТ дар Эрон эътимодномаашро ба Дабири кулли СҲИ супорид
Инчунин, вазир изҳор доштааст, ки Тоҷикистон мунтазам ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалиро, аз ҷумла дар ҳошияи СҲИ ҷонибдорӣ намуда, дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ чораҳои самаранок меандешад.