Ифтитоҳи осорхонаи таърихи варзиши тоҷик дар манзили зисти шореҳи шинохтаи кишвар

Шореҳи шинохтаи варзиши Тоҷикстон Нарзуллоҳи Латиф дар хонаи худ гушаи таърихи варзиши Тоҷикистонро ифтитоҳ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи шинохтаи варзиш ва раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон осорхонаи шахсии худро чанде пеш дар ҳавлиаш, берун аз Душанбе, ифтитоҳ кард.

Осорхонаи ӯ ҳамагӣ дар масоҳати 65 метри мураббаъ ташкил шудааст ва дар  он ҳазорҳо нигора ҷамъоварӣ шудааст.

Нарзуллоҳи Латиф дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳадаф аз таъсиси он, ин зинда нигоҳ доштани таърихи варзиши тоҷик ва таърихи фарҳангу таърихи хонаводагӣ аст.

Ифтитоҳи осорхонаи таърихи варзиши тоҷик дар манзили зисти шореҳи шинохтаи кишвар

Вай афзуд, дар ин осорхона ҳосили кори панҷоҳсолааш ҷамъоварӣ шудааст.

“Дар ин осорхона гушаҳои зиёде ҳаст. Гушаи варзиш, хонаводагӣ, фаъолияти корӣ, сафарҳо ба кишварҳои мухталиф, ҳамсуҳбатҳо ва аксҳо аз Олипиадаҳо, бозиҳои Осиё ва Ҷаҳон. Барои ҳаммаи гушаҳои номбурда аксу навори таърихӣ ҷамъоварӣ шудааст”,- қайд намуд шореҳи шинохтаи варзиш.

Нарзуллоҳи Латиф зикр кард, ки баъзе аз аксҳо бисёр арзиши таърихӣ доранд.

Тирҳои камони Зебинисо ва шогирдонаш: ҳамеша нишонрас ва пурҳадаф

“Барои мислол дар ин осорхона аввалин акси дастаи футболи шаҳри Душанбе, ки "Строител" ном дошт, ва дар соли  1931 аксбардорӣ шудааст мавҷуд аст. Дар акси дигар, аъзои бошгоҳи футболи “Динамо”-и Душанбе, ки таърихи 80-сола дорад, дида мешавад. Чунин аксҳои таърихӣ дар осорхона бисёранд. Ҳар меҳмони осорхона имкон дорад дар ин осорхона бо таърихи тақрибан садсолаи варзиши тоҷик ошноӣ пайдо кунад”, - гуфт соҳиби осорхона.   

Нарзуллоҳи Латиф яке аз чеҳраҳои шиносхта дар варзиши Тоҷикистон аст. Садои ӯ ба аксари насли ҷавону кӯҳансоли Тоҷикистон маълум аст. Маъруфияти ӯ аз замони шореҳияш тавассути телевизиону радиои Тоҷикистон дар бораи бозиҳои дастаи "Помир"-и Душанбе оғоз ёфт. Ҳаводорони бузургсолу миёнасоли футбол ӯро хуб ёд доранд.

Нарзуллоҳи Латиф гуфт, ҳар лаҳзаи истироҳаташро дар осорхона сипарӣ мекунад.

“Фақат рӯзҳои истироҳатам ба инҷо меоям. Тамоми чизе, ки дар ин ҷо ҳаст, бароям ҷолиб аст, зеро аз гузашта ба ёдам меорад ва ман аз дидану шунидану хонданаш лаззат мебарам. Ин осорхона ҷоест, ки бароям эҳсоси оромӣ мебахшад”, - таъкид дошт Нарзуллоҳи Латиф  

Ифтитоҳи осорхонаи таърихи варзиши тоҷик дар манзили зисти шореҳи шинохтаи кишвар

Нарзуллоҳи Латиф, соли 1952 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, пас аз хатми ДДМТ дар расонаҳои мухталифи кишвар ва идораҳои давлатӣ ифои вазифа кардааст.

Дар солҳои гуногун ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сармуҳаррири нашрияҳои "Футбол", "Варзиш – Спорт" буда, чандин сол боз раиси Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон мебошад.

Аз ҷумла шореҳи шинохтаи варзиши Тоҷикистон барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буда, бо унвон ва нишонҳои баланди фахрии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.