Шӯрои Маҷлиси намояндагон бунёди пули нав ба Афғонистонро тасвиб кард

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишнома бо Бунёди рушди Оқохонро барои бунёди пул болои дарёи Панҷ баррасӣ карда, ба рӯзномаи ҷаласаи якуми иҷлосияи шашуми ин Маҷлис шомил кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, созишнома байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оқохон барои сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳҳои автомобилгарди пайвастшаванда ба пул имзо шудааст.

Мусоидат ба Ҳукумат: намояндаи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон стратегия ва ҳадафҳоро гуфт

Манбаъ афзуд, ки сохтмони пул ва роҳҳо дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ойхонуми вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо маблағгузории Комиссияи Аврупо тавассути Бонки Рушди Олмон ва Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон, Тоҷикис­тон дар назар аст.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат аз 30 августи соли равон созишномаи имзошуда миёни  Вазорати нақлиёти кишвар ва Бунёди Оқохонро барои тасвиб ба парлумон фиристода буд.

Бар асоси созишномаи мазкур, пули нав бо роҳҳои мошингарди пайвастшаванда ба он дар қисмати Кокул миёни ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ва ноҳияи Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистон бунёд мегардад.  Ин пули 180-метрӣ ва беш аз 18 километр роҳҳои пайвастшаванда ба он аз ҷониби Бунёди Оқохон бо дастгирии шарикони рушд дар доираи барномаи ҳамгироии минтақавии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон амалӣ мегардад.