Лавров дар бораи таниши тоҷикону қирғизҳо, нияти Русия ва нақшаи Аврупо

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар ҳошияи ҷаласаи СММ дар шаҳри Ню-Йорк вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро аз ҷумлаи заминаҳои низоъбарангез хондааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Замина барои муноқишаҳо дар қаламрави ИДМ ҳанӯз ҳам ҷой доранд, аммо ба ҳадде, ки баъди пош хӯрдани шӯравӣ буд, таркишбарангез нестанд,  изҳор доштааст Лавров дар суҳбат бо нашрияи “Коммерсант” дар Ню-Йорк.

Лавров гуфтаст, бархӯрдҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бори аввал нестанд ва 1 солу 1,5 соли пеш ҳам сар зада буданд.

“Он замон дар талошҳо барои ба эътидол овардани вазъ шарик гардидем ва барои мо чунин намуд, ки муваффақ шудем. Ҳамкорони қазоқистонӣ кумак карданд. Мушкил дар номуайянии марз аст, ки ин дар қаламрави пасошӯравӣ як раванди тӯлонӣ мебошад”, - таъкид кардааст Лавров.  

Вазири умури хориҷии Русия зикр намудааст, ки солҳои шӯравӣ ба марзҳои маъмурӣ миёни деҳоту шаҳрчаҳои хурд чандон аҳамият намедоданд, аммо бо мустақил шудани давлатҳо ин масоил бештар зуҳур карданд.

Дӯстона бояд зист: ҳунармандони тоҷику қирғиз дар Воруху Ботканд филми муштарак сохтанд

Ба суол, ки оё заминаҳои низоъ дар қаламрави пасошӯравӣ бартараф гардидаанд, Лавров аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва шиддати муносибот миёни Ҳукумат ва  доираҳои мухолифин гуфтааст.

“Мо тамоми корро мекунем, то ин танишҳоро кам ва бартараф кунем. Умедворам, ин кор амалӣ хоҳад шуд”, - изҳор доштааст Лавров.

Ӯ инчунин зимни мусоҳиба аз стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ гуфта, таъкид намудааст, ки он хилофи манофеи Русия буда, ба дур кардани шарикони стратегӣ аз ҳам равона шудааст.

Кумаки мақомоти Хатлон ба хонаводаи сарбози ҳалокшуда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон

“Тибқи иттилои мо феълан талош доранд, лоиҳаи “Шарикии шарқ”-ро, ки дар он кишварҳои аврупоӣ ва давлатҳои қафқозии собиқ шӯравӣ иштирок доранд, бо стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Миёна пайванд диҳанд.  Вақте чунин лоиҳаҳои бузург тарҳрезӣ мешаванд, пинҳон кардани онҳо ғайриимкон аст. Медонем, ки ҳадаф дур кардани шарикони шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аз Русия, заиф кардани робитаҳои мост. Талош хоҳанд кард, ки муносиботу усулҳои худро дар ташкили ҳаёт ва ҳалли масоили сиёсӣ, иштирок дар муносиботи байналмилалӣ дар чаҳорчӯби хостаҳои ИА-ро роҳандозӣ кунанд”, - изҳор доштааст Лавров.

Ин суҳбати Лавров дар ҳолест, ки ахиран дар пайи таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон се марзбони тоҷик кушта шуданд. Ҷониби қирғизҳо аз ҳалокати як низомии худ хабар дод.