Дар Душанбе вазъи забони тоҷикӣ дар манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад

Дар пойтахти кишвар коршиносон хориҷиву дохилӣ дар ҳамоиши байналмилалии вазъи забони тоҷикӣ дар манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказиро баррасӣ хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон эълон намудааст, ки рӯзи 5 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии “Вазъи забони тоҷикӣ дар манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ” баргузор хоҳад шуд.

Қарори нави Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили Рӯзи забон дар Душанбе

Бино бар гузориши АМИТ “Ховар”, дар ин ҳамоиш, ки дар торихи 5 октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар Рӯзи забони тоҷикӣ баргузор мешавад, коршиносону донишмандон аз кишварҳои Афғонистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон мақолоти худро дар бораи вазъи феълии забони тоҷикӣ ва дурнамои ояндаи он дар ин кишварҳо ироа хоҳанд кард.

Дар ин нишаст устодоне аз донишгоҳҳои равобити байналмилал ва донишгоҳҳои забоншиносии Русия, Самарқанду Фарғонаи Узбакистон, Кобули Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон роҷеъ ба ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар ин кишварҳо ва зарурати ҳифзу рушди он баҳсу табодули назар хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳамасола аз рӯзи 5 октябр ба унвони Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мегардад.