ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалии боғдории Чин, беш аз 30 навъ маҳсулоти кишоварзии боғдорони тоҷик дар маърази диди умум қарор гирифтааст, хабар додааст “Парс тудей”.
Ба гуфтаи Иззатуллоҳ Сатторӣ вазири кишоварзии Тоҷикистон мизони муомилаҳои маҳсулоти кишоварзии ин кишвар бо Чин дар панҷ моҳи нахусти имсол ба 6 миллиону 429 ҳазор доллар расидааст, ки як миллиону 93 ҳазор доллари он саҳми Тоҷикистон аст.
Гелос, лиму ва меваҳои хушк аз маҳсулоти кишоварзии содиротии Тоҷикистон ба Чин ба ҳисоб меояд.
Вай гуфтааст, ки бар асоси барномаи ҳамокриҳои омӯзишӣ миёни Чин ва Тоҷикистон ҳамасола 100 нафар аз донишмандон ва мутахассисони бахши кишоварзии Тоҷикистон барои омӯзиши технологиҳои нави чинӣ дар улуми кишоварзӣ ба Пекин сафарбар мешаванд.
Ба гуфтаи вазири кишоварзии Тоҷикистон мутахассисони чинӣ ба ин ашхос роҳҳои нави кошт ва бардошти биринҷ, пахта ва эҷоди гулхонаро омӯзиш медиҳанд.
Ҳамчунин чандин тарҳ дар бахши кишоварзӣ миёни Чин ва Тоҷикистон дар чорчуби барномаи "Як камарбанд-як ҷодда" иҷроӣ хоҳад шуд.