Боз муштзанӣ: моҷарои 2-юм дар бозии тимҳои “Хатлон”-у “Истаравшан”-видеоҳо

Футболбозии тимҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан шоми 27 сентябр ба мушту лагадзании гуруҳӣ печид, ки дуюмин чунин моҷаро миёни бозингарони ин ду даста тайи моҳҳои охир мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии тимҳои “Бохтар”-у “Истаравшан” дар ҳузури 5 ҳазор мухлис, зери назорати сардовар Гулмуроди Саъдулло дар варзишгоҳи марказии Истаравшан баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Муроҷиати мухлисони футбол ба ноиби Президент: доварон ришва мегиранд ё бесаводанд - видео

Голи “Истаравшан”-ро дар дақиқаи 8-ум Илҳомҷон Баротов ва голи “Хатлон”-ро Парвиз Ахунов дар дақиқаи 89-уми бозӣ ба ҳадаф расонданд. Давоми бозӣ футболбози “Истаравшан” Фирӯз Қараев ва бозингари “Хатлон” Аҳтам Ҳамроқулов баъди гирифтани огоҳии дуюм аз майдон берун карда шуданд.

Ҳамчунин бар асоси наворҳое, ки тамошобинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, зимни бозии “Хатлон” ва “Истаравшан” футболбози тими мизбон баъди як зарбаи ҷаримавӣ ба таъқиби дарвозабони дастаи меҳмон аз Бохтар Шаҳром Исмоилов оғоз мекунад. Далели таъқиби Исмоилов маълум нест, аммо ӯ давида ба пеши ҳамдастаҳо меравад ва дар натиҷа занозании гуруҳӣ бо иштироки бисёри футболбозон рух медиҳад. Дар охири наворҳои нашршуда, баъди ором кардани вазъ, Исмоиловро таҳти ҳимояи маъмурини милиса аз майдон берун мебаранд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон феълан ин қазияро расман шарҳ надодааст.

Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон низ Шаҳром Исмоилов, дарвозабони тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар дақиқаи 60-уми бозӣ,  Ҷамшед Ҳасанов, легионери узбакистонии тими “Истаравшан”-ро бо мушт зад. Ин бозӣ ба фоидаи “Хатлон” бо ҳисоби 2-1 анҷом ёфта буд.

Сардовари он бозӣ низ Гулмуроди Саъдулло аз Душанбе буд ва дар шарҳи қазия гуфт, вақти бозӣ ҳолати муштзаниро надид, аммо баъди тамошои навори он дар ҳолати шок қарор дошт.

Гулмуроди Саъдулло гуфта буд, сабаби ба чунин кор даст задани Исмоиловро намедонад, аммо ин аллакай футбол нест.