Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои бозгашти хонаводаҳои ҷангҷӯён кумак хоҳад кард

Намояндаи Вазорати хориҷаи Амрико эълон намудааст, ки мақомоти ин кишвар барои бозгашти хонаводаҳои ҷангҷӯён – террористҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Мақомоти Амрико дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Миллал ва дар дидор бо раисони ҷумҳури панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба онҳо пешниҳод намудааст, ки дар баробари бозгардондани шаҳрвандони ҷангҷӯи онҳо аз Ховари Миёна ба ин кишварҳо кумакҳои молӣ ироа кунанд.

Мақомоти Ироқ гуфт фармондеҳони ДОИШ ба куҷо гурехтанд

Ба гуфтаи Элис Уэллз дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бозгардондани хонаводаҳои террористҳо ҳамкорӣ хоҳад кард.

“Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи идғоми дубораи хонаводаҳои ҷангҷӯёни хориҷӣ, ҳамсарон ва фарзандонашон дар хатти муқаддам қарор доранд. Қазоқистон тақрибан 600 зану кудакро ба кишвараш бозгардондааст ва Тоҷикистон ва Узбакистон низ муваффақ шудаанд садҳо хонаводаро бозгардонанд. Қирғизистон ҳоло муайян дорад, ки чанд шаҳрвандаш дар қаламрави Сурия ва Ироқ ҳастанд”, - таъкид дошт Элис Уэллз.

Вай инчунин зикр намуд, ки дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Миллал масъалаи табодули таҷриба зимни мулоқоти Майк Помпео, вазири корҳои хориҷаи Амрико бо вузарои хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.  

Элис Уэллз, қайд намудааст, ки Амрико метавонад аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масоили бозгардонидани шаҳрвандонаш ва ба зиндагии осоишта ворид намудани онҳо таҷрибаомӯзӣ кунад. 

Бозгашти хонаводаи тоҷикистонии узви ДОИШ аз Афғоинстон

Ёдрас мешавем, ки бар асоси бархе оморҳо, шаҳрвандони беш аз 93 кишвар аз ҷумла Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Тунис, Арабистони Саудӣ, Туркия ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва амрикоӣ дар байни террористҳои мустақар дар Сурия ҳузур доранд.

Ба гуфтаи мақомҳои Тоҷикистон, дар солҳои ахир беш аз 1900 нафар ба Ироқ ва Сурия рафта ва ба гуруҳҳои террористӣ ҳамчун ДОИШ пайвастаанд, ки беш аз 500 нафари онҳо дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

Беш аз 250 кудаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ ҳузур доштаанд, ки пеш аз ин 84 кудак аз Ироқ ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд.