Дар Суғд аз ҳафтаи оянда Комиссариятҳои ҳарбии даъвати наваскарон шурӯъ ба кор мекунанд

Комиссариятҳои ҳарбии вилояти Суғд аз ҳафтаи оянд, аниқтараш аз 1 - уми октябри соли равон ба кор шурӯъ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Қарори навбатии раиси вилояти Суғд бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, бобати даъвати тирамоҳии шаҳрвандони кишвар барои хидмати ҳарбӣ ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти маъмурияти вилоят.

Фармони нави Раҳмон дар бораи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ

Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои октябр-ноябри соли равон,шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд.

Гусели аввалин гурӯҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо иштироки Аҳмадзода дар Суғд

Зимнан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо судури фармон дар бораи даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ  ба  Вазорати мудофиа, фарҳангу тандурустӣ ва ҳамзамон ба раисони вилояту ноҳияҳо баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи даъват дастуру супоришҳои қатъӣ дода буд.