Рақобати 17 номзад барои дарёфти курсии раисҷумҳурӣ дар Афғонистон ҷараён дорад

Дар Афғонистон имрӯз сар аз соати 7:00 дақиқаи ба вақти маҳалӣ интихоботи раисҷумҳурӣ оғоз ёфт ва интизор меравад то соати 15:00 давом ёбад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ба иттилои хабаргузории TOLO News, дар маъракаи интихоботи раисҷумҳурӣ наздики 9,6 миллион раъйдиҳанда сабти ном гардидаанд.

Вазорати умури дохилаи Афғонистон ба таҳдидҳои гурӯҳи Толибон вокуниш нишон дод

Манбаъ меафзояд, дар қаламрави 34 музофот мебоист наздики 5373 марказҳои раъйдиҳӣ барои қабули овози интихобкунандагон фаъолият кунанд. Зимнан аз баста шудани 445 маркази раъйдиҳӣ, ба хотири таҳдиди толибон хабар дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки маъракаи интихоботи раисҷумҳурӣ дар Афғонистон то соати 15:00 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ идома меёбад.

Барои дарёфти курсии раисҷумҳурии ин кишвар дасти кам 18 номзад бо шумули президенти феълии Афғонистон Ашраф Ғанӣ  ва сарвазири ҷумҳурӣ Абдулло Абдулло вориди майдони мубориза мешаванд.

Дуктур, ватандӯст ва ё тундгаро: раисҷумҳури нави Афғонистон кӣ мешавад

Қаблан ҷангиёни ҳаракати Толибон таҳдид намуданд, ки интихоботи раисҷумҳуриро бо ҳамла овардан ба марказҳои раъйдиҳӣ лағв  мекунанд.

Вале мақомоти амнияти Афғонистон дар ин робита изҳор намуда буданд, ки барои таъмини бехатарии маъракаи интихоботӣ без аз 72 ҳазор низомӣ ҷалб карда шуданд.

Зуҳуров дар бораи вазъи Афғонистон ва зуҳури “ДОИШ”

Ҳамзамон сарвазири феълии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло, ки номзад ба мақоми раисҷумҳурӣ низ ҳаст, аз ҷангиёни толибон даъват намуд, ки ба рафти баргузории маъракаи интихоботии президентӣ ғалал ворид накунанд.