Садамаи маргбор: ҷавони 19 сола худравро ба заҳбур чаппа кард

Дар Тоҷикистон ронандае аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада онро ба чуқурии 8-метрӣ чаппа кардав ҷон бохтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз садамаи нақлиётӣ, ки боиси марги ронанда шудааст, хабар медиҳад.

Ҳодиса ӯзи 26-уми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 22:40-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар Фахробод ҳавопаймои "Ан-2" ба садама дучор шуда як сарнишини он ҷон аз даст додаст

Дар Суғд бар асари садамаҳои нақлиётӣ 77 нафар ҷон бохтаанд

Тибқи гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099”, Ашуралиев Фарухрӯз буда, соли таваллудаш 2000 ва, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ будааст.

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Ваҳдат: ҳалокати ронанда ва бистарӣ гаштани мусофир

Ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Ҳулбук ба самти деҳаи Заркамар аз уҳдаи идораи автомашинаи набаромада, ба канори рости роҳ баромада, автомашинаи мазкурро дар заҳбури чуқуриаш 8-метр чаппа кардааст. 

"Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Ашуралиев  дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома. 

Садамаи маргбор: ҳалокати ду сокини ноҳияи Ванҷ ба сабаби чаппа шудани мошин ба дарёи Панҷ

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.