ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Муштзани испанӣ Хосе Мари Кеведо пас аз чанд лаҳзаи нокаут худро пирӯз эҳсос кард.
Навори рақобати размикорон дар шабакаи варзишии YouTube нашр шудааст.
Чуноне Р-Спорт, хабар медиҳад, дар бахши дуюми размоиш варзишкори фаронсавӣ бо як зарбаи оҳанин ба рӯй, рақиби испонияшро нокаут кард.
Кеведо дарҳол ба худ омада, аз афташ фикр кард, ки ӯ пирӯз шудааст ва изҳори хушнудӣ кард.
Нокаут: мушти Баҳодур Ҷалолов рақиби амрикоияшро бистарӣ кард - акс
Дар баробари ин ӯ атрофи рингро майдон пайбурда ба сӯи мардум шитофт. Шореҳ қайд кард, ки нокаут Кеведоро ба "ҷаҳони дигар" фиристод.