Озода Раҳмон барои нахустин бор форуми занон баргузор мекунад

Инитзор меравад, дар кори форуми мазкур ҷавондухтарони фаъол, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва занони баруманди Тоҷикистон иштирок кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Раҳбари дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон тасмим гирифтаст, бори нахуст дар ҷумҳурӣ форуми занон баргузор намояд, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Фармони Раҳмон барои зиёд кардани теъдоди кормандони дастгоҳи Президент

Бар хабари манбаъ, форуми мазкур таҳти сарпарастии Сафири Созмони байналмилалии "Занони сиёсатмадори роҳбар" Озода Раҳмон, санаи 9 - уми октябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад.

Бо дастури Озода Раҳмон кормандони ВКД гул шинонданд - акс

Гуфта мешавад, дар кори форум ҷавондухтарони фаъол, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва занони баруманди Тоҷикистон иштирок кунанд.

Зимнан, гуфта мешавад, ки форум таҳти унвони "Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили  рушди суботи ҷомеа" дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардида, дар он коршиносони соҳа, олимону муҳаққиқон аз ҳисоби занону бонувон ширкат меварзанд.

Бо фармони Озода Раҳмон соҳибкорон ҷарима шуданд

Қобили зикр аст, масъалаҳои меҳварие, ки дар ҷараёни форум мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд, инҳо марбут ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии занони тоҷик хоҳад буд.