Дар Деваштич наврас аз болои хар афтида, ҷон додаст

Ҳодиса рӯзи 25 - уми сентябри соли равон дар саҳрозори хоҷагии деҳқонии "Тоҷиккул" рух додаст. Наврас баробари сарозер шудан аз болои хар ҷони худро аз даст додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Норбоев Соҳибҷони 16 - сола, хонандаи синфи 10- и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20, бар асари афтидан аз болои хар ба ҳалокат расидаст, хабар медиҳад сомонаи Фараж.

Ҳалокати навраси 16-сола ҳангоми гирифтани селфӣ дар Душанбе

Бар хабари манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 25 - уми сентябр рух додааст.

Аз хар афтоду даргузашт: чаро модарони тоҷик ҳангоми таваллуд мемиранд?

Манбаъ меафзояд, наврас дар саҳрои хоҷагии деҳқонии "Тоҷиккул" воқеъ дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Деваштич аз болои хар сарозер шудаст.

Гуфта мешавад, ӯ дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст додаст.

Коршинос: дар Тоҷикистон харҳо аз аспҳо дида машҳуртаранд

Зимнан тафтишот аз руйи ҳодисаи мазкур идома дорад.