Дилшод Назаров: ба ман як каме фурсат диҳед, то ба худ биёям

Варзишгари маъруфи тоҷик ва чемпиони олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров дар саҳифаи Instagram-аш таъкид аз ҳаводоронаш фурсат хостааст то каме ба худ биояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик дар саҳифаи Instagram-аш навиштааст, ки изҳороташро роҷеъ ба  истифодаи допинг муттаҳам шуданаш дар рӯзҳои наздик бо далелҳо интишор хоҳад кард.

Вай ҳаводоронаш хостааст, ки  ба ӯ як каме фурсат диҳанд,  то ба худ биояд.

“Дӯстони азиз! Шумо шояд шунидед, ки маро аз ҳаққи намояндагӣ аз кишварам маҳрум карданд. Ман наметавонам дар чемпионати ҷаҳон рақобат кунам, чунки маро ба истифодаи допинг айбдор кардаанд. Хоҳиш мекунам, каме ба ман фурсат диҳед, то ба худ биёям ва фикҳоямро ҷамъ кунам. Ман намехоҳам ба эҳсос дода шавам, ман мехоҳам далел пешниҳод кунам. Дар наздиктарин фурсат ман изҳоротамро интишор хоҳам кард. Ҳақ бар ман аст”, - таъкид намудааст Дилшод назаров.

Ёдрас мешавем, ки Ахиран ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук хабар дода буд, ки дар робита ба истифодаи допинг варзишгари маъруфи Тоҷикистон Дилшод Назаров муваққатан ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалиро надорад.

Қазияи Назаров: шарти “Athletics Integrity Unit” ва шарҳи раиси Созмони зиддидопингӣ

Рӯзи 25 сентябр Дилшод Назаров дар нахустин изҳороташ дар робита ба моҷарои допинг гуфт, ки аз ин хабар ба ҳолати шок афтодааст, вале бо ин вуҷуд як адвокати аврупоиро киро кардааст, то номи худро аз ин доғ пок кунад ва обрӯяшро барқарор кунад. Дилшод Назаров истифодаи допингро рад кард ва гуфт бо тамоми масъулият эълон мекунам, ки ҳамаи ҷоизаҳоро бо муборизаҳои ҳақиқӣ ба даст овардам.

 Дилшод Назарови 37-сола нахустин ва то имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ таҳти парчами Тоҷикистон сазовори унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло шуд.