Бунёди давлатӣ ба соҳибкорони 51 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 258 миллион сомонӣ маблағи қарзӣ дод

Муассисаи давлатии “Бунёди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон” ба соҳибкорони 51 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ маблағи қарзӣ дар ҳаҷми беш аз 258 миллион сомонӣ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ҳокимшо Бобозода, роҳбари муассисаи давлатии “Бунёди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон”  дар вохури бо соҳибкорони вилояти Суғд , зикр намудааст, ки аз ҷониби шӯрои нозирони фонд то инҷониб 182 лоиҳаи субекти соҳибкорӣ дастгирӣ карда шуд.

Дастури Раҳмон ба Бонки миллӣ барои додани қарз ба соҳибкорони Мастчоҳ

Вай афзуд ба соҳибкорони 51 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ маблағи қарзӣ дар ҳаҷми беш аз 258 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Ҳокимшо Бобозода, бо таъкид эълон намудааст, ки Бунёд ҳангоми ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок бештар ба субъектҳои соҳибкорӣ дар самти таҷдиду таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, харидории дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда афзалият медиҳад.

“Бо ин мақсад фонд ба 110 субъекти соҳибкорӣ барои таъсиси коргоҳу корхона ба маблағи 136,2 миллион сомонӣ ва ба 72 субъект барои таҷдиди коргоҳу корхонаҳо ба маблағи 122, 3 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуд”, - қайд намуд раиси муассисаи давлатии “Бунёди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон”.

Ҳамзамон вай афзудааст, ки бо мақсади дастгирии соҳаи саноати сабук, махсусан мусоидат дар рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ фонд 20 лоиҳаи субъекти соҳибкориро ба маблағи умумии 44, 3 миллион сомонӣ дастгирӣ намуда, қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуд, ки 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро дарбар мегирад.