Баъди шикоят дар facebook: милиса ронандаи “Тойота”-ро ёфт

Маъмурини милиса муроҷиати як корбари facebook-ро дар бораи таваққуфи нодурусти ронандаи “Тойота лендкрузер” дар Душанбе баррасӣ карда, шахсияти соҳиби мошинро муайян кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, як корбари Фейсбук дар саҳифааш аз рафтори ношоям ва таваққуфи нодурусти ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Лендкрузер”, рақамҳои қайди давлатиаш 5431 ВК 01, дар кӯчаи А.Деҳотӣ шикоят намуд.

Дар Петербург мусофири таксӣ, ронандаи тоҷикро гаравгон гирифт

Муроҷиати мазкур аз ҷониби маъмурини раёсати умури дохилии Душанбе баррасӣ шуда, муайян гардидааст, ки ронандаи “Тойота-Лендкрузер”, шаҳрванд Субҳон Каримов, сокини 45-солаи шаҳри Душанбе мебошад.

“Зимни санҷиш ошкор карда шуд, ки номбурда дар ҳақиқат воситаи нақлиёти худро дар ҷойи муқаррарнашуда таваққуф намуда, бо ин кирдораш ба ҳаракати шаҳрвандон халал расонидааст, ки ин амали ӯ бо далелҳо исботи худро ёфтаанд”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид намуд, ки нисбати ронанда барои таваққуфи нодуруст тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуд.

Ронандаи бадахлоқ пас аз шикоят дар facebook боздошт шуд ва барои 5 шабонарӯз маҳкум шуд

Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳолатҳо шудан ба мақомоти умури дохилӣ хабар диҳанд.