ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ба иттилои сомонаи Новости Волгоград, чаҳор муҳоҷири меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистонро корфармои онҳо субҳи имрӯз дар манзили иқоматашон, ки дар назди бинои сохтмонии қаҳвахона ҷойгир будаст, дар ҳолати беҳушӣ пайдо кардаст.
Пизишкони ёрии таъҷилӣ пас аз ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан, маълум намуданд, ки муҳоҷири 37- солаи тоҷик аллакай аз дуди ғализ ҷони худро аз даст додаст ва се тани дигарро фавран ба беморхона интиқол доданд.
Иброҳим Аҳмадов: зиёда аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав заҳролуд шудаанд
Манбаъ меафзояд, чун ҳаво хунук шудааст ва хоначаи муҳоҷирон беҳад сард буд, аз ин рӯ онҳо хостанд бо даргирондани оташ, худро аз хунукии шадид эмин нигоҳ доранд.
Муҳоҷирон ба ин хотир дар тағораи ҳаммом ҳезум ҷамъ намуда, оташ андохтанд, вале то саҳар аз дуди ғализи он заҳролуд шуданд.
Заҳролудшавии 16 узбакистонӣ дар Қазоқистон
Раёсати тафтишотии вилояти Волгоград феълан аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот бурда истодааст.
Ба маълумоти раёсати мазкур муҳоҷири ҳалокшуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, чанде қабл ба муҳоҷират омада буд.