Ноҳияи Рӯдакӣ дорои Парчаму Нишони давлатӣ шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ Парчами миллӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон,  парчами давлатӣ дар шаҳраки Сомониён дар пояи баландии 45 метр қомат афрохта, паҳноии матои он 7 метр ва дарозиаш 14 метрро ташкил медиҳад.

Аз боғу парчам то бинои нави ҳизби ҳоким: Раҳмон дар Ховалинг чанд иншоотро ифтитоҳ кард

Баландии пояи Нишони давлатӣ, ки дар шафати Парчам сохта шудааст, 22 метр мебошад

Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб як гулгашту се боғро ифтитоҳ кард

Манбаъ меафзояд, дар баробари сохтмони Парчам ва Нишони давлатӣ дар атрофи ин ду муқаддасоти миллӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. 

Лоиҳаи Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуди "Тоҷмаҳал-2010" таҳия гардидааст.

Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ рафт: сафари ӯ аз ифтитоҳи ду мактаби таҳсилоти миёна оғоз ёфт

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.