ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро дар гурзандозӣ Дилшод Назаров аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум карда шуд, хабар медиҳад Ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ.
Бар хабари манбаъ, Назаров бо гумони вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг ба чунин маҳдудият рӯбарӯ шудааст.
Дилшод Назаров қаҳрамони Чемпионат Осиё-2019 шуд
Манбаъ меафзояд, ки дар пайи тафтиши дубораи санҷиши допинг дар чемпионати ҷаҳони соли 2011 дар Тэгу дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринабол ёфт шудааст.
Феълан дар мавриди вокуниши Дилшод Назаров ва мақомоти соҳаи варзиши Тоҷикистон ба қарори аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум кардани ӯ рӯи даст нест.
Дилшод Назаров ба финали мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё-2019 роҳ ёфт
Маврид ба зикр аст, ки варзишгари 37 - солаи Тоҷикистон Дилшод Назаров нахустин ва то имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ таҳти парчами Тоҷикистон сазовори унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло шуд.
Ӯ соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро дар гурзандозӣ соҳиби унвони қаҳрамони олимпӣ гардида буд.