Раисҷумҳур ба муносибати ҷашни Истиқлолият 868 маҳбусро афв кард

Раисҷумҳури Туркманистон ба хотири 28 - умин солгарди Истиқлолият, аз гуноҳи 868 маҳбус гузашта, онҳоро мавриди афв қарор дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо судури як фармон 868 маҳбусро афв кард, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Эҳтимоли афви наздик ба 200 маҳбус дар Тоҷикистон

Бар хабари манбаъ, Туркманистон рӯзи 27 - уми сентябр аз 28 - умин солгарди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷашн мегирад. Ба ин муносибат раисҷумҳури ин кишвар тасмим гирифтаст, ки 868 зиндониро аз маҳбас озод намояд.

Раисҷумҳур бахшида ба иди саиди Фитр беш аз 200 маҳбусро авф кард

Зимнан, манбаъ меафзояд, ки Бердимуҳаммедов мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муваззаф намудаст, ки тамоми расмиётро то 27 - уми сентябр ба ҷо оранд, то ки зиндониёни мавриди афв қарор гирифта, тавонанд ин идро ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон ҷашн бигиранд.

Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммедов давоми як сол дар пайи ҷашну санаҳои муҳим  чанд бор қонуни афвро имзо намуда, маҳбусонро аз зиндон озод намуда буд.

Моҳи марти соли 2019 низ бахшида ба Иди Наврӯз 2028 зиндонӣ афв гардиданд, вале ин афвҳо ба маҳбусони сиёсӣ дахл надорад.