ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи 22 - сентябр пас аз дарёфти хабари раҳгум задани ду кӯҳнаварди рус дар қаторкӯҳҳои Фон ба ҷустуҷӯйи онҳо баромаданд, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.
Хабари гум шудани ин ду кӯҳнавардро ба наҷотбахшони КҲФ, роҳбари гурӯҳи онҳо Константин Гарнага тамос гирифта, изҳор намудаст.
Як кӯҳнаварди қазоқ ҳалок ва ҷустуҷӯйи дуи дигар идома дорад
Ба иттилои Гарнага, ду тан аз намояндагони гурӯҳи ӯ, Кудрина А.В 58 - сола ва ҳамроҳи ӯ Писарчуковский Л. И 39 - сола барои тамошои қаторкӯҳҳои Фон ба кӯҳ баромаданд ва дар соати муайяншуда, барнагаштанд.
Пас аз дарёфти маълумоти мазкур, наҷотбахшон гурӯҳи кофтукобӣ ташкил дода, дар баландии 2000 метр аз сатҳи бахр ба ҷустуҷӯйи кӯҳнавардони рус баромаданд.
Гуфта мешавад, пас аз 19 соати корҳои кофтукобӣ, гурӯҳи наҷотбахшон, кӯҳнавардони гумшударо пайдо намуданд ва ба урдугоҳи онҳо оварда расонданд.
Ҳалокати даҳ кӯҳнавард дар навбатпоӣ барои тай кардани Эверест-видео
Шаҳрвандони рус аз кӯмаки тиббӣ даст кашиданд. Барои пайдо намудани онҳо як гурӯҳи иборат аз панҷ наҷотбахш ва ҳамчунин як адад чархбол ҷалб карда шуда буд.