Дар Белорус аз куштори оммавии толибилмони мактаб пешгирӣ карда шуд

Кормандони пулис маълумотеро дарёфт намуданд, ки хонандаи макотиб тасмим гирифтаст бо истифода аз силоҳи оташфишон ва норинҷаки худсохт ба қатли оммавии муҳассилин даст занад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik.  Дар вилояти Кироваи Белорус аз куштори оммавии хонандагони яке аз макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ пешгирӣ карда шуд.

Навори кордкашии шогирд ба устод ва донишомӯзони мактаб

Дар ин бора муовини сардори раёсати мубориза бо ифротгароии Вазорати корҳои дохилии Русия  Владимир Макаров дар ҷараёни форуме дар шаҳри Маскав хабар додаст.

Ба изҳори ӯ чанде қабл кормандони пулис маълумотеро дарёфт намуданд, ки дар яке аз макотибҳои миёна, хонандаи мактаб тасмими гирифтаст аз силоҳи оташфишон ва норинҷаки худсохт ба муҳассилин ва кормандони мактаб ҳамла намояд.

Макаров мегӯяд, хушбахтона ба кормандони милитсия муяссар гардид, ки аз ин ҳамалоти даҳшатовар пешгирӣ кунанд ва ҷони даҳҳо толибилмон ва омӯзгоронро аз марг наҷот диҳанд.

Мактабҳои Афғонистон баста мешаванд: аз дасти ҳамлаҳои "Толибон"

Маврид ба зикр аст, ки ҳодисаи ба ин монанд моҳи феврали соли равон дар макотиби Столсовскийи Минск рух дода буд. Он замон аз ҳамлаи хонандаи мактаб, омӯзгор ва талабаи синфи 11 ҷон бохтанд.

Зимнан Додгоҳи вилоятии Минс ноболиғро ба 13 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум набуда буд.