Хушбахттарин корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ - видео

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ бо ҷону дил рақс мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Навори рақси корманди БДА Узбакистон, дар интернет бо суръати "нур" паҳн шудааст. Корбарон ҳадс мезананд, ки чӣ чизе ин мардро чунин хушбахт карда ва ба рақсидан водор кардааст.

Корбарони Facebook - ро рақси корманди мақомот ба ҳайрат овард ва ҳар яке сабаби хушбахтии ӯро шарҳ додааст.

Раққоса бо ҷаҳиш ба гардан раққосро аз пой афтонд -навор

Нафаре навиштааст, ки пас аз се духтар, ӯ соҳиби писар шудааст. 

Ҷанҷоли ду зан барои ғизо дар банкет ба навор афтод - видео

Аксари корбарон бар инанд, ки музди меҳнати корманди БДА - ро бештар кардаанд.

То ин замон наворро беш аз 2,5 ҳазор кас писандида ва ҳазорон кас онро шарҳ додааст.

Ашки шодӣ ва рақсу бозӣ: пирӯзии тими Узбакистон дар "Биатлони танкӣ - 2019" - Видео

"Чанд бор тамошо кардам. Руҳам болида шуд. Офарин! Ана ҳамин тавр!", - навиштааст яке аз корбарон.